Узбекистон ба Туркманистон 20 мошини "Ёрии таъҷилӣ" тақдим кард
Туркманистон ҳамчун кӯмаки дӯстона ба Узбекистон гази моеъ ирсол кард. Узбекистон дар посух ба Туркманистон мошинҳои муосири "ёрии таъҷилӣ" фиристод.
Ин доду гирифт ба муносибати 30-солагии робитаҳои дипломатии ду кишвар сурат гирифтааст.
Узбекистон дар посух ба дарёфти гази моеъ, ба Туркманистон 20 мошини "ёрии таъҷилӣ"-и навъи "Volkswagen Caddy" ирсол кардааст.