Вазорат хост, баррасии бастани "Озодӣ"-ро ба таъхир гузоранд
Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон аз Додгоҳи шаҳри Бишкек хостааст, баррасии баҳси ин ниҳодро бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ ба таъхир гузорад. Вазорат ҳамчунин гузаронидани ташхиси забоншиносиро дархост кардааст.