Наврасони тоҷик Эронро шикаст доданд ва барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд
Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-17) бо роҳбарии сармураббӣ Раҳматулло Фузайлов дар бозии сеюмаш дар мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми рушд-2023" дар Мински Беларус бар тими Эрон (U-17) бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд.