Сон Ҳин Мин беҳтарин футболбози Осиё шуд
Сон Ҳин Мин, ҳамлагари 30-солаи бошгоҳи "Тоттенҳэм Хотспур"-и Англия ва мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ, беҳтарин футболбози Осиё дар соли 2022, ки онро нашрияи варзишии интернетии "Fox Sports Asia» таъсис додааст, эълон гардид.
Сон Ҳин Мин дар раъйдиҳӣ 256 имтиёз гирифт. Ӯ бори шашум пайиҳам ин ҷоизаро ба даст овард. Вай, умуман, ҳашт бор ин ҷоизаро гирифтааст, хабар медиҳад VnExpress.
Дар мавсими ҷорӣ Сон Ҳин Мин 28 бозӣ карда, 8 гол задааст.
Ҷойи дуюмро дар раъйдиҳӣ миёни коршиносону шореҳони футболи осиёӣ Меҳдӣ Торимӣ, ҳамлагари бошгоҳи «Порту»-и Португалия ва тими миллии Эрон ва Салим Ал-Досарӣ аз бошгоҳи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ ва мунтахаби ин кишвар, бо 120-имтиёзӣ бо ҳам тақсим карданд.
Ба панҷгонаи беҳтаринҳо, инчунин ҳимоятгари «Наполи»-и Италия ва мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ Ким Мин Чжэ ва бозигари мунтахаби Ҷопон ва бошгоҳи «Брайтон»-и Англия Каору Митома дохил шуданд.
Дар раъйдиҳӣ намояндагони нашрияҳои бузургтарини қораи Осиё иштирок карданд. Вале ин ҷоиза ба ҷоизаи «Футболбози сол дар Осиё», ки онро AFC (Конфедератсиони футболи Осиё) месупорад, ҳеҷ гуна алоқамандӣ надорад.