Ба 35 варзишгари тоҷик ҷоизаи президентӣ медиҳанд
Бо амри президенти Тоҷикистон, ки 11-уми феврал дар сомонаи president.tj нашр шудааст, барои ҳавасмандгардонии ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ дар соли 2022 ба 35 варзишгар Ҷоизаи президент супурда мешавад.