Соли 2022 шумори никоҳ дар Тоҷикистон кам, вале талоқ зиёд шудааст
Соли гузашта теъдоди никоҳ дар Тоҷикистон кам, вале талоқ зиёдтар сабт шудааст.
Масъулини Оҷонсии омор 14-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфтанд, соли гузашта дар кишвар 70,6 ҳазор никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба як соли пеш 5,4 дарсад камтар аст.
Тибқи оморҳои расмӣ, никоҳ дар Хатлон 2,5, Суғд 8, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 6, Душанбе 3,9 ва ВМКБ 21,3 дарсад коҳиш ёфтааст.
Ба гуфтаи мақомот, соли гузашта 14 ҳазору 69 талоқро сабт кардаанд, ки дар қиёс ба як соли пеш 2,9 дарсад бештар аст. Маълумоти расмӣ нишон медиҳад, ки ҷудошавии оилаҳо аз ҳама бештар дар вилояти Суғд ва Хатлон сабт шудааст.
Баръакс дар Душанбе ва Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон соли гузашта талоқ камтар шудааст.
Ҷудошавии оилаҳо дар Тоҷикистон як мавзӯи нигаронкунанда аст. Чун бо ҷудошавии ҳар оила, даҳҳо кӯдак аз тарбияи падар ё модар маҳрум мешаванд.
Азҳампошии хонаводаҳо аз мушкилҳоест, ки солҳо боз мақомоти тоҷик наметавонанд, аз афзоиши он пешгирӣ кунанд. Ҳарчанд дар нишастҳои расмӣ аз барнома ва чораҷӯиҳо дар ин бора хабар медиҳанд.