Оҷонсии омори Тоҷикистон маблағи фурӯши барқ ба хориҷаро эълон кард
Баъди худдории Вазири энержии Тоҷикистон ва раиси ширкати "Барқи тоҷик" аз ифшои омори фурӯши барқ ба хориҷа, Оҷонсии омор ин маълумотро эълон кард. Раиси Оҷонсии омор гуфт, соли гузашта Тоҷикистон ба хориҷа ба маблағи 106 миллион доллар барқ фурӯхтааст.
Ба гуфтаи Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, соли гузашта Тоҷикистон ба Афғонистон 1,7 млрд. ва ба Узбекистон 1,6 млрд. киловат соат барқ содир кардааст. Нурмуҳаммадзода афзуд, як қисми ками барқ ба кишварҳои дигар содир шудааст, аммо нагуфт ба кадом кишварҳо.
Хабарнигорон рӯзи 30-юми январи имсол зимни нишасти хабарии Вазорати энергетика ва захираҳои об дар бораи фурӯши барқ ба Афғонистону Узбекистон пурсиданд. Вале Далер Ҷумъа, вазири энержӣ ва захираҳо об ва ҳам Маҳмадумар Асозода, раиси ширкати "Барқи тоҷик" аз ифшои маълумотҳо дар бораи фурӯши барқ ба ду кишварҳои ҳамсоя худдорӣ карданд. Солҳои гузашта мақомот ин маълумотро эълон мекарданд.
Содироти барқи Тоҷикистон ба хориҷа ҳамеша як мавзӯи баҳсбарангез будааст. Баъзе аз сокинон мегӯянд, аввал бояд мардум дар дохили кишвар бо гармиву рӯшноӣ таъмин шаванд. Мақомот борҳо гуфтаанд, барқи зиёдатиро ба хориҷа мефурӯшанд. Чизе, ки гумонҳоро зиёд мекунаду кам не.
Дар ҳоли ҳозир сокинони деҳоти кишвар бо маҳдудият барқ дастрас мекунанд ва мепурсанд, ки ин вазъ то кай давом мекунад. Масъулини ширкати "Барқи тоҷик" вазъро ба камшавии сатҳи об дар обанбори "Норак" рабт медиҳанд.