Отамбоев даъвоҳои додгоҳияшро алайҳи расонаҳо "иштибоҳ" номид
Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев баъди раҳоӣ аз зиндон ба рӯзноманигорон даъвоҳои додгоҳияшро алайҳи як қатор расонаҳои маҳаллӣ дар соли 2017 шарҳ дод.
Ба гуфтаи Отамбоев, ӯ иштибоҳи худро баъдар дарк кард. "Озодии матбуот бояд бошад. Вақте ба додгоҳ шикоят кардам, як иштибоҳ роҳ додам. Инро ба назар нагирифтам, ки ман раисҷумҳур ҳастам ва додгоҳҳои мо ҳамеша ҷониби нерумандтаринҳоро мегиранд", - изҳор дошт вай.
Додситони кулли Қирғизистон Индира Ҷолдубоева моҳҳои марту апрели соли 2017 ба додгоҳ 5 шикоят бурда, хост, ба Отамбоев Zanoza.kg ва муассисаш 27 миллион сом (385 ҳазор доллар), Чолпон Ҷакупову ду вакили дифои Омурбек Текебоев 13 миллион сом ҷуброни зарар пардозанд. Додгоҳи олии Қирғизистон 30 ноябри он сол аз 5 шикоят 3 тоашро қонеъ кард.
Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ аз шикоятҳо зидди расонаҳо ибрози нигаронӣ карда, онҳоро як навъи фишор ба озодии баён номиданд. Кормандони баъзе аз расонаҳо ба хотири кумак маоши якрӯзаи худро ба ҳисоби рӯзноманигорон гузаронданд.