Порлумони Аврупо хостори озодии Саакашвилӣ шуд
Порлумони Аврупо 15-уми феврал бо қабули як қатънома аз мақомоти Гурҷистон даъват кард, собиқ раҳбари зиндонии ин кишвар Михаил Саакашвилиро озод карда, иҷозат диҳанд, ки дар хориҷ табобат бигирад.
Вакилони порлумон ҳамчунин тағйиротеро дар бораи зарурати эъломи таҳрим зидди сарвазири пешини Гурҷистон Бидзина Иванишвилӣ, ки ҳанӯз ҳам қудратмандтарин сиёсатмадор дар он кишвар маҳсуб мешавад, ҷонибдорӣ карданд.
Дар қатънома гуфта шудааст, ки пушти таъқибҳои Саакашвилӣ олигарх Иванишвилӣ меистад ва ӯ мехоҳад, аз президенти пешини Гурҷистон қасос бигирад.
Додгоҳи шаҳри Тифлис (Тбилиси)-и Гурҷистон рӯзи 6-уми феврал ба дархости Михаил Саакашвилӣ дар бораи озодии пеш аз муҳлат аз зиндон посухи рад дод.
Пештар вакилони мудофеи Саакашвили хабар доданд, ки вай дар бахши эҳё бистарӣ аст. Ҷонибдорони президенти пешин мегӯянд, ӯро дар зиндон заҳролуд кардаанд.
Саакашвилиро соли 2021 бо гуноҳи суистифода аз мақом ба 6 сол зиндон маҳкум карданд. Вазъи сиҳатии сиёсатмадор моҳи майи соли гузашта бад шуд. Вай аз 12-уми май дар беморхонаи хусусӣ бистарӣ ва ҳамзамон дар ҳабс аст. Аъзои хонавода ва вакилони мудофеи Саакашвилӣ талош доранд, ӯро озод карда, барои муолиҷа ба хориҷ баранд.
Вакилони мудофеъ гуфтанд, Саакашвилӣ қарори охири додгоҳро "ҳукми қатл" номидааст.