Шумораи қурбониёни тарма дар Тоҷикистон ба 16 нафар расид
Дар пайи фаромадаи баҳман ё тарма рӯзи 15-уми феврал, 16 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд. Мақомот мегӯянд, 13 нафар аз фавтидагон дар Хоруғ, ду нафар дар Ванҷ ва як нафари дигар дар роҳи Душанбе-Чаноқ ҷони худро аз даст додаанд.