Кумитаи занон сабаби афзоиши талоқро шарҳ дод
Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон мегӯяд, талоши дарёфти шаҳрвандии Русия тавассути никоҳҳои қалбакӣ як сабаби афзоиши омори талоқ дар кишвар шудааст.
Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумита ҳафтаи гузашта дар нишасти матбуотӣ гуфт, соли гузашта беш аз 13 ҳазор хонавода аз ҳам пош хӯрдаанд, ки нисбат ба як соли пеш 162 адад бештар аст. Ба гуфтаи ӯ, аз шумораи умумии хонаводаҳои ҷудошуда дар Хатлон қариб 25 дарсад, Ванҷ 40 дарсад ва Рашт 21 дарсад афроде мебошанд, ки ба хотири душаҳрвандӣ расман аз ҳамсарони худ ҷудо шуда, вале дар асл тариқи никоҳӣ мусулмонӣ зиндагии якҷоя доранд.
Тибқи қонунҳои амалкунандаи Русия шаҳрвандони хориҷие, ки бо шаҳрванди Русия на камтар аз се сол издивоҷ карда ё фарзанди умумӣ дошта бошанд, имкон доранд, ба таври соддашуда барои гирифтани шиносномаи русӣ дархост бидиҳанд.