Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Февраль
2023

Оҷонсӣ шарҳ дод, ки чаро раиси Рашт бозпурсӣ ва раҳбари дастгоҳаш боздошт шуданд

0
Оҷонсӣ шарҳ дод, ки чаро раиси Рашт бозпурсӣ ва раҳбари дастгоҳаш боздошт шуданд

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошти раиси дастгоҳи ноҳияи Рашт ва бозпурсии раиси ҳукумати ин ноҳияро шарҳ дод. Хабари бозпурсӣ ва боздошти Раҳимҷон Набизода (Муқимӣ) раиси ноҳияи Рашт ва раҳбари дастгоҳи ин ноҳия Холмуҳаммад Ортиқов, рӯзи 23-юми январ расонаӣ шуд.

Насриддин Низомзода, сардори Раёсати тафтишотии Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 17-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, нисбати Холмуҳаммад Ортиқов, раҳбари дастгоҳи ноҳияи Рашт барои "қаллобӣ" парванда боз шудааст.

Низомзода гуфт: "Холмуҳаммад Ортиқов барои ба вазифаи мудири Шӯъбаи маорифи ноҳияи Рашт таъин кардани шаҳрванд Абоссзода бо роҳи қаллобӣ аз ӯ 100 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Нисбати ӯ бар асоси моддаи 247, қисми 4 Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад".

Насриддин Низомзода дар идома гуфт, ки алайҳи раиси ноҳияи Рашт парвандаи ҷиноятӣ боз нашудааст ва Раҳимҷон Набизода дар доираи парвандаи раиси дастгоҳи ин ноҳия бозпурсӣ шудааст. Ин мақомдори Оҷонсӣ гуфт, ҷузъиёти ин парванда баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ расонаӣ хоҳад шуд.

Дар аввал гуфта мешуд Раҳимҷон Набизода (Муқимӣ) ва Холмуҳаммад Ортиқов ба "тақсими ғайриқонунии замин" ва "гирифтани ришва" гумонбар ҳастанд ва "дар ҷойи кор ва дар ҳузури шоҳидон", боздошт шудаанд.

Як манбаи Радиои Озодӣ гуфта буд, Раҳимҷон Набизода баъд аз бозпурсӣ, ба сабаби масунияташ ҳамчун узви Маҷлиси Миллӣ раҳо шудааст. Раҳимҷон Набизода (Муқимӣ) 61-сола аст.  Ӯ дар гузашта сардори Идораи молия ва муовини аввали раиси ҳукумати Рашт буд. Аз соли 2019 раёсати ҳукумати ноҳияро ба дӯш дорад. Холмаҳмад Ортиқов 64-сола аст. Аз соли 2017 дар мансаби раиси дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Рашт кор мекунад. Дар гузашта мудири маорифи минтақа буд.

Дар гузашта рӯйдодҳои ҳамсон дар баъзе аз ноҳияҳои дигар рӯй додаанд, аммо боздоштшудаҳо баъдан озод гашта, мавзӯи парванда аз фасоду ришва ба сӯистифода аз мансаб тағйир ёфтааст. Дар баъзе аз мавридҳо танҳо зердастон ҷазо дидаанд.

Соли 2020 Баҳром Иноятзода, шаҳрдори собиқи Кӯлоб ба иттиҳоми фасодкорӣ боздошт ва ба 12 сол зиндон маҳкум шуд. Худи ӯ ва пайвандонаш иттиҳомро рад карданд.

Маъмурони Оҷонси зидди фасодро дар Тоҷикистон ҳамвора барои дастгир накардани мансабдорони баланпоя танқид мекунанд. Ин ниҳод бештар дар бораи боздошти омӯзгорону пизишкон ва кормандони зинаҳои поини вазорату кумитаҳои давлатӣ гузориш медиҳад.





Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин: в ТиНАО создадут новые управы районов





Москва

Армяне России поддерживают движение «Тавуш во имя Родины»


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин сообщил о планах благоустройства на северо-востоке Москвы



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Бато Багдаев

Дети из Узбекского землячества Бурятии увидели театр кукол «Ульгэр»: Россия и Культура




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

В Подмосковье сотрудники ОМОН «Русич» Росгвардии приняли участие в церемонии открытия соревнований по дзюдо среди детей и подростков

Инсайты, стратегии и нетворкинг для профессионалов: 21 июня пройдет ежегодный форум «Спорт и Бизнес»

Полезные приложения для поклонников спортивной ходьбы


WTA

Свёнтек прошла в полуфинал турнира WTA-1000 в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru