Русия шароити кору зиндагии муҳоҷиронро сахттар мекунад
Русия тасмими сахттар кардани шароити будубоши муҳоҷиронро дорад.
Ба навиштаи матбуоти маҳаллӣ, Вазорати корҳои дохилии Русия мехоҳад, шароити будубоши муҳоҷирон дар ин кишварро сахттар кунад. Пешниҳод шудааст, ки муҳоҷирон аз кишварҳои шӯравии собиқ бе раводид дар як сол танҳо се моҳ ҳақи зиндагӣ дар Русияро дошта бошанд. Пештар муҳоҷирон агар дар се моҳ аз ҳудуди Русия берун шуда, дубора ворид мешуданд, ҳаққи идомаи кору зиндагӣ пайдо мекарданд
Гузашта аз ин, мақомоти рус ният доранд, боҷӣ муҳоҷирати ҷорӣ кунанд. Ин ба он маъниест, ки муҳоҷирон ҳангоми ворид шудан ба Русия пул месупоранд. Ин маблағ чӣ қадар бояд бошад, баррасӣ мешавад.
Ин дар ҳолест, ки муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла тоҷикон, бе ин ҳам барои фаъолият кардан дар Русия бо нархи гарон патент мегиранд. Бештари муҳоҷирони тоҷик, ки аз ин кишвар ихроҷ мешаванд, ё патент надоранд ё мӯҳлати патенташон гузаштааст.
Танҳо дар соли 2022 муҳоҷироне, ки дар Маскав бо патент кор мекунанд, ба буҷаи ин шаҳр тақрибан 32 миллиард рубл андоз додаанд. Ин рақам дар муқоиса бо як сол пеш 45 дарсад бештар мебошад.