Шумораи қурбониён дар Туркия ва Сурия ба беш аз 45 ҳазор расид
Шумораи қурбониёни заминларзаи харобиовар дар Туркия ва Сурия ба беш аз 45 ҳазор нафар расид.
Ба навиштаи хабаргузории Рейтерз, наҷотдиҳандагон 39 ҳазору 672 ҷасадро дар Туркия ва беш аз 5800 ҷасадро дар Сурия аз зери харобаҳо берун кардаанд.
Ҳанӯз маълум нест, ки чӣ қадар одам бенишон шудаанд.
Дар Туркия беш аз сад нафарро, ки дар сохтмони баландошёнаҳои харобшуда саҳм доштанд, боздошт карданд. Онҳо ба он айбдор мешаванд, ки хонаҳоро берун аз қоидаҳои ба зилзила тобовар сохтаанд.
Субҳи 6-уми феврал заминларзаи 7,8 дараҷаӣ ҳазорон хонаро дар Туркия ва Сурия хароб кард. Ҳазорон нафар куштаву захмӣ ва садҳо ҳазори дигар бе ҷои зист мондаанд.
ИМА эълон кард, ки 85 миллион доллар ба зарардидагон хоҳад дод. Бонки ҷаҳонӣ ба Туркия 1,78 миллиард доллар кумак кардааст.