Мардикор: Аз буданам дар рӯйхати бекорон чӣ фоида? Мақомот гуфтанд, шумори бекорон кам шудааст.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, соли гузашта шумораи бекорон дар Тоҷикистон қариб ду дарсад коҳиш ёфтааст. Ба ҳисоби Оҷонсии омор, феълан дар кишвар 53,5 ҳазор шахсони бекор сабт шудааст. Аммо шубҳаву гумонҳо ба ин омори мақомот зиёд аст. Бонки Ҷаҳонӣ шумораи бекоронро 5 баробар бештар гуфта буд.