Мулоқоти Содир Ҷабборов бо президентҳои пешини Қирғизистон дар "минтақаи бетараф"
Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо ҳама раҳбарони собиқи ин кишвар мулоқот кардааст. Ҷабборов (Жапаров) дар ин бора дар саҳифаи Фейсбукии худ хабар дод.
Гуфта мешавад, ин аввалин вохӯрии президентҳои Қирғизистон дар таърихи ин кишвар аст. Аксар раисҷумҳурони собиқи Қирғизистон дар пайи эътирозҳо аз курсии президентӣ канор рафтаанд. Нисбати бархе парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Ҷабборов нагуфтааст, ки дидору мулоқоти ӯ бо раҳбарони собиқи Қирғизистон кай ва дар куҷо доир шуд. Вай таъкид кардааст, ки дер боз дар бораи муттаҳид кардани сарони пешини кишвар меандешид. “То замоне, ки раҳбарон сарҷамъ нашаванд, ҷонибдорони онҳо ҳам муттаҳид нахоҳанд шуд.”- гуфтааст, Содир Ҷабборов.
Ба гуфтаи ӯ бо ҳамтоёни собиқаш аз гузаштаҳо ёдовар шуда, иштибоҳҳоро баррасӣ ва тасмими муттаҳидшавиро дастгирӣ карданд.
“Президентҳои собиқ, аз дард ва иштибоҳҳои худ гуфтанд. Аз ҳама муҳим онҳо тавонистанд ҳамдигарро бубахшанд. Мақсади ман ҳамин буд. Бале, дар сиёсати ҳар яки мо камбудиҳо ҷой дошт, фоҷеаву хунрезиҳо буд.”- навиштааст, Содир Ҷабборов.
Бахши қирғизии Радиои Озодӣ бо такя ба сухангӯи президенти Қирғизистон, Эрбол Султонбоев гуфт, дар ин мулоқот раҳбарони пешини кишвар, Аскар Акаев, Қурмонбек Боқиев, Роза Отунбоева, Амосбек Отамбоев ва Сооронбой Жээнбеков ширкат кардаанд. Ба гуфтаи Султонбев, “Макони мулоқотро бо сабабҳои маълум қаламрави бетараф интихоб карданд.”
Пас аз истиқлол дар соли 1991 дар Қирғизистон 6 раҳбар иваз шудааст.