Отамбоев мулоқоти ҳамаи президентҳои собиқ бо Содир Ҷабборовро шарҳ дод
Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон мулоқоти ҳамаи президентҳои пешинро бо президенти кунунии он кишвар Содир Ҷабборов шарҳ дод. Шаҳри Отамбоев дар "Фейсбук" нашр шуд. Отамбоев гуфт, ибтидо ӯро танҳо ба мулоқоти президент Содир Ҷабборов ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев даъват карда буданд.
"Ман ҳам ҷонибдори сулҳу ваҳдат дар кишвар ҳастам. Дар ин бора ҳам суҳбат кардам. Ва ман ҳадафҳои неки президент Ҷабборовро қадр мекунам. Аммо дар охири мулоқот вазъе пеш омад, ки ман бидуни хайру хуш онро тарк кардам. Барқарории сулҳу ваҳдат дар кишвари мо як чиз аст ва баргаштани Боқиевҳо ба Қирғизистон комилан чизи дигар. Ин дуро якҷо кардан натиҷаи комилан дигар медиҳад. Хуни зиёде рехта шудааст, чизҳои зиёде ҳаст, ки набояд фаромӯш шаванд ва фаромӯш нахоҳанд шуд. Албатта, ки бояд гунаҳкорон посух диҳанд. Ва нахуст бояд наздикони кушташудаҳо бахшанд. Ва ман умедворам, ки президент Содир Ҷабборов маро мешунавад ва тасмими дуруст мегирад", - омадааст дар изҳороти Отамбоев.
Ахиран президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар "Фейсбук" навишт, ки бо ҳамаи президентҳои пешини кишвараш мулоқот кардааст. Вай навишт, "то замоне, ки роҳбарон муттаҳид нашаванд, ҷонибдорони онҳо муттаҳид нахоҳанд шуд". Ба гуфтаи вай, "онҳо тавонистанд, ки ҳамдигарро бахшанд".
Эрбол Султонбоев, сухангӯи президент гуфт, дар ин мулоқот президентҳои пешин Аскар Акаев, Қурмонбек Боқиев, Роза Отунбоева, Алмосбек Отамбоев ва Сооронбой Ҷеенбеков ширкат кардаанд. Ин мулоқот дар Дубай сурат гирифтааст.
Дар солҳои истиқлолияти Қирғизистон онро Аскар Акаев (1991-2005), Қурмонбек Боқиев (2005-2010), Роза Отунбоева (2010-2011), Алмосбек Отамбоев (2011-2017) ва Сооронбой Ҷеенбеков (2017-2020) роҳбарӣ кардаанд.
Акаев баъди инқилоби соли 2005 фирор кард ва Боқиев баъди инқилоби соли 2010. Акаев дар Русия ва Боқиев дар Белорус зиндагӣ мекунанд.
Роза Отунбоева кишварро баъди инқилоби соли 2010 роҳбарӣ кард. Ва Алмосбек Отамбоев президенти интихобшуда муҳлати муйаяни президентиро ба поён расонид. Вай 3,5 сол зиндонӣ буд ва охири ҳафтаи гузашта озод шуд. Ҷеенбеков баъди ҳодисаҳои октябрии соли 2020 пеш аз муҳлат президентиашро қатъ кард.