Дар Қирғизистон категорияи 546 ҳектар заминро тағйир додаанд
Муовини вазири кишоварзии Қирғизистон Мурат Раматов 22-юми феврал дар порлумони он кишвар гуфт, дар доираи афви замин, ки соли гузашта эълом шуда буд, категорияи 546 ҳектар замин тағйир дода шудааст.