Талоқ дар Тоҷикистон "гаронтар" шуд. ВИДЕО
Дар Тоҷикистон, ки ҷудошавии оилаҳо боис ба нигаронӣ шудааст, боҷи давлатиро барои қатъи ақди никоҳ 7 баробар боло бурданд. Акнун ҳар касе, ки мехоҳад аз шавҳар ё занаш ҷудо шавад, бояд ба давлат қариб 500 сомонӣ супорад. Пештар ин маблағ 68 сомонӣ буд. Оё ин метавонад ҷуфтҳоро аз ҷудоӣ боздорад?