Баҳси миллионҳо доллар. Чин зиёд нишон медиҳад ё Тоҷикистон кам?
Тоҷикистону Чин омори додугирифтро эълон карданд. Яке кам шумурда, дигаре зиёд. Сухан дар бораи садҳо миллион доллар меравад. Чин чизе намегӯяд. Як мансабдори тоҷик иддао дорад, “Чин барои намоиши иқтидораш оморро зиёд нишон медиҳад”. Дигарон имтиёз, сохтакорӣ ва фасодро аз эҳтимол дур намедонанд.