Эрон сафорати Афғонистонро ба Толибон дод. Ҷабҳа "суолбарангез" хонд
Эрон рӯзи якшанбеи 26-уми феврал сафорати Афғонистон дар Теҳронро ба Толибон супурд. Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо раҳбарии Аҳмад Масъуд аз ин тасмими Теҳрон интиқод кард ва онро "суолбарангез" хонд.