Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Февраль
2023

Иштироки мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023

0
Иштироки мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023

Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 1-ум то 18-уми март дар Узбекистон доир мегардад, иштирок хоҳад кард.

Футболбозони ҷавони тоҷик бо роҳбарии сармураббӣ Олег Кубарев, мутахассис аз Беларус, дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Урдун (2-юми март), Умон (5-уми март) ва Кореяи Ҷанубӣ (8-уми март) рақобат мекунанд.

Дар мавриди ба 1/4 финал роҳ пайдо кардан мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «D» – Ҷопон, Арабистони Саудӣ, Чин ва Қирғизистон – бозӣ хоҳад кард.

Бояд гуфт, чаҳор дастаи беҳтарини Ҷоми Осиё-2023 ба қаҳрамонии ҷаҳон-2023 миёни ҷавонон, ки дар Индонезия баргузор мешавад, роҳхат мегирад.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бори панҷум дар қаҳрамонии Осиё ширкат меварзад. Қаблан ҷавонони тоҷик дар ин мусобиқот солҳои 2006, 2008, 2016 ва 2018 иштирок карда буданд. Беҳтарин натиҷаи мунтахаби Тоҷикистон роҳ ёфтан ба чорякфинали ду мусобиқоти охир дар Баҳрайн (2016) ва Индонезия (2018) мебошад.

Футболбозони ҷавони тоҷик дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 рӯзҳои 21-ум ва 24-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо тими ҷавонони Сурия (U-20) ду бозии дӯстона доир кард. Дар ҳарду бозӣ суриягиҳо бо натиҷаҳои 1:0 ва 2:1 пирӯз шуданд.

Тақвими бозиҳои Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «С» бо иштироки мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20)

Даври 1-ум

2 март (панҷшанбе)

Оғози бозӣ – соати 17:00

Тоҷикистон – Урдун

Тошканд, варзишгоҳи «Локомотив»

 

Даври 2-юм

5 март (якшанбе)

Оғози бозӣ – соати 17:00

Умон – Тоҷикистон

Тошканд, варзишгоҳи «Локомотив»

 

Даври 3-юм

8 март (чоршанбе)

Оғози бозӣ – соати 17:00

Кореяи Ҷанубӣ – Тоҷикистон

Тошканд, варзишгоҳи «Бунёдкор»

Ситоди мураббиёни мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо роҳбарии Олег Кубарев рӯйхати бозигаронеро, ки дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар Узбекистон иштирок мекунанд, эълон кард.

Ба рӯйхат 23 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар дохиланд.

Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) барои иштирок дар Ҷоми Осиё-2023 дар Узбекистон:

дарвозабонҳо: 1. Сафармад Ғаффоров («Хатлон»), 16. Шаҳобиддин Маҳмудзода («Динамо»), 23. Суҳробхуҷа Юсупов («Хуҷанд»);

ҳимоятгарон: 2. Фахриддин Аҳтамов («Хуҷанд»), 3. Раҳматшо Раҳматзода («Ҳосилот»), 4. Меҳрубон Ғаффорзода («Равшан»), 5. Содиқҷон Қурбонов («Истиқлол»), 11. Шаҳриёри Иноятулло («Равшан»), 15. Меҳрубон Каримов («Самгурали», Гурҷистон), 19. Асадбек Зиёзода («Истаравшан»);

нимҳимоятгарон: 6. Азизбек Ҳаитов («Хуҷанд»), 7. Салам Ашурмамадов («Думиенсе», Португалия), 8. Ҳамзаҷон Аҳтамов («Истаравшан»), 12. Кабир Салимшоев («Динамо»), 13. Ҳамадонӣ Камолов («Истиқлол»), 14. Салоҳиддин Эргашев («Истиқлол»), 17. Алиҷони Айнӣ («Истиқлол»), 18. Абдулло Шарипов (КМВА), 22. Фатҳулло Олимзода («Равшан»);

ҳамлагарон: 9. Абдулфаттоҳ Худойдодзода («Динамо»), 10. Суннатулло Азизов («Хатлон»), 20. Далер Шарипов («Металлург», Узбекистон), 21. Фаридун Давлатов («Регар-ТадАЗ»).

Сармураббӣ – Олег Кубарев (Беларус).





Губернаторы России
Москва

Собянин сообщил о планах благоустройства на северо-востоке Москвы





Москва

Армяне России поддерживают движение «Тавуш во имя Родины»


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал о работе сервиса «Вместе с культурой»



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Ренат Ибрагимов

В Москве почтили память певца Рената Ибрагимова




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Искусство продвинутого анализа в спортивном прогнозировании

Инсайты, стратегии и нетворкинг для профессионалов: 21 июня пройдет ежегодный форум «Спорт и Бизнес»

Полезные приложения для поклонников спортивной ходьбы


Даниил Медведев

Без защиты: как Медведев и Хачанов проиграли свои матчи в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о роли несырьевого экспорта в российской экономике



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России