Вокуниши вазорат ба эътирози муҳоҷирон, аммо тавсиф аз ширкати сохтмонӣ
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба қазияи эътирози муҳоҷирони тоҷику узбек ба напардохтани маошашон аз сӯи як ширкати русӣ вокуниш кард. Ҳафтаи гузашта садҳо муҳоҷири тоҷику узбек аз он норозигӣ карданд, ки се моҳ боз наметавонанд маоши худро дарёфт кунанд.