Талаби аз 5 то 12 сол зиндон барои эътирозгарон дар Нуқус
Додситон рӯзи 27-уми феврал ба иштирокдорони тазоҳурот дар Нуқус, маркази Қароқалпоқистон, аз 5 то 12 сол зиндон талаб кард. Дар Додгоҳи олии Узбекистон гуфтанд, дар доираи парвандаи нав 39 кас муҳокима мешавад.