Хабарҳоро аз куҷо мегиред?
Дар Тоҷикистон фардо рӯзи матбуотро таҷлил мекунанд. Ин сана ба таъсиси аввалин нашрия бо номи Бухорои Шариф ва бо забони тоҷикӣ дар соли 1912 интихоб шудааст. Дар остонаи 11 -уми март ҳамкорам Нигораи Фазлиддин аз раҳгузарон дар бораи нақши матбуот ва манобеи хабарии сокинони Тоҷикистон пурсид.