Дар Гурҷистон зидди тарҳи қонунҳои "агентҳои хориҷӣ" эътироз карданд
Садҳо фаъоли маданӣ ва намояндаи созмонҳои ғайридавлатӣ дар Гурҷистон ҳамроҳ бо вакилон аз ҳизбҳои мухолиф рӯзи 2-юми март талош карданд, ки монеи баргузории ҷаласаи муштараки кумитаҳои порлумон барои қабули ду лоиҳаи қонун дар бораи "агентҳои хориҷӣ" шаванд.
Ҳарду лоиҳаи қонунро ҷиноҳи ҳукуматгарои "Ҳокимияти халқ" пешниҳод карда, аз сӯи ҳизби ҳокими "Орзуи Гурҷистон" пуштибонӣ мешаванд.
Яке аз раҳбарони "Нерӯи мардум" Гурам Мачарашвилӣ иддао кард, ки гӯё лоиҳаҳои қонун бо назардошти таҷрибаи Амрико таҳия гаштаанд.
Мухолифон исрор меварзанд, ки қонунҳо дар бораи "агентҳои хориҷӣ" барои саркӯби дигарандешҳо ва фаъолони маданӣ равона шуда, аз таҷрибаи Русия нусхабардорӣ мешаванд.