Эмомалӣ Нуралӣ дар "Tashkent Grand Slam 2023" медали тило гирифт
Эмомалӣ Нуралӣ, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Tashkent Grand Slam 2023”, ки дар шаҳри Тошканди Узбекистон ҷараён дорад, медали тило ба даст овард. Зимнан, ин аввалин медали паҳлавони ҷавони тоҷик дар мусобиқоти силсилаи ҷаҳонии ҷудо «Grand Slam” ба шумор меравад.