Заҳролудшавии духтарон дар мактабҳои Эрон
Аз моҳи ноябри соли 2022 ба ин сӯ дар чор шаҳри Эрон беш аз 30 мактаби духтарона аз мавридҳои заҳролудшавӣ, дилбеҳузурӣ ва бистарӣ шудани духтарон шикоят карданд. Мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ рӯзи 2-юми март гуфтанд, ки қазияҳоро таҳқиқ хоҳанд кард.