Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Март
2023

"Мард барои зан". Дар Тоҷикистон тарҳи нави мубориза бо хушунат роҳандозӣ шуд

0

Дар остонаи таҷлил аз Рӯзи байналмилалии зан, ки ҳамасола 8-уми март ҷашн гирифта мешавад, дар Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ як ташаббуси байналилалии ҳимоят аз ҳуқуқу баробариҳои зан дар ҷомеа роҳандозӣ шуд, ки HeForShe ном дорад. Аз англисӣ ин ташаббуси байналмилалӣ, ки собиқаи нӯҳсолаи кор дар дигар нуқоти ҷаҳон ва дар пайванд бо барномаи занони СММ-ро дорад, “Мард барои Зан” тарҷума мешавад.

Ташаббускорон мегӯянд, ҳадафи онҳо мусоидат дар ҳалли мушкилоти занон аз роҳи ҷалби мардон мебошад. Сӯҳбату муоширати мардон бо мардон ё писарон бо писарон дар бораи мушкилоти занону духтарон дар ҷомеа, ба бовари ташаббускорон, метавонад барои рафъи бештари мушкилоти вобаста ба хушунат, нобаробарии ҳуқуқ, нақши зан дар ҷомеа ва дигар масъалаҳо хидмат кунад.  

“Мард дар ин барнома танҳо бо он далел, ки  нирӯву қудрат дорад, ҳомӣ ё сарпарасти зан нест,  - мегӯянд муаллифони барнома, - балки  иттифоқчии баробаруқуқи ӯ аст” ва ҳадафи куллӣ бунёди як ҷаҳони одил мебошад”.

Имкониятҳои баробар барои занон дар иқтисод ва сиёсат, решакан кардани хушунат, мубориза бо афкори шахшуда ва дигар ормонҳо аз ҳадафҳои азими ин ташаббус гуфта мешавад. 

Журналист Саъдӣ Юсуфӣ як сокини Душанбе  аст. Ӯ мегӯяд, “агар барои боло бурдани мақоми зан мардҳо ҳам дастбакор шаванд, ҳатман натиҷабахш аст. Як мард, масалан, дар мисоли таомул бо духтар, ҳамсар, хоҳар ва модари  худ метавонад намуна шавад. Таҷрибаҳои бисёр муваффақе ҳастанд, ки як мард метавонад бо амалӣ кардан худ як намуна шавад дар доираи хонавода, дар доираи хешу табор ва маҳаллаву ҷое, ки ҳаст”.

Айни замон, ӯ эътироф мекунад, ки дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон “чолишҳои зиёде вуҷуд дорад, ки аз сӯе бо мутобиқсозии мафҳумҳои баробарии ҷинсиятӣ бо боварҳои фарҳангию динӣ рабт мегирад, ки аз гузаштаи дур ба мерос омадааст”. Ба бовари ӯ, барои решаканкунии чунин мушкилот роҳи тӯлоние дар пеш аст. 

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ мегӯянд, аксари чорабиниҳо хислати маъракаро доранд ва бо вуҷуди пурсарусадо гузаштанашон, аз худ таъсири андаке мегузоранд.

Дар Тоҷикистон бо аҳолии беш аз 10 миллион ҷамъият каме беш аз 50 дарсадашро занону духтарон ташкил медиҳанд, ки дар қиёс бо мардон, қисми зиёдашон  баъди хатми мактаб ба кору даромади расмӣ фаро гирифта намешаванд ва дар ҳолати вобастагии моддиву маишӣ аз мард қарор мегиранд.

HRW ё Дидбони ҳуқуқи башар, ки соли 2019 гузориши вижаро дар бораи сатҳи хушунат алайҳи зан дар Тоҷикистон нашр кард (https://www.hrw.org/report/2019/09/19/violence-every-step/weak-state-response-domestic-violence-tajikistan), мегӯяд, хушунат алайҳи занон дар ин кишвар як мушкили сартосарӣ аст ва таҳқиқот нишон медиҳад, ки ба ҳама шаклҳо, аз ҷумла, таҷовуз ба номус, латукӯбу шиканҷа, маҳрум кардан аз озодиву ғизо ва ғайра  вуҷуд дорад.

Соли 2013 дар Тоҷикистон дар паи талошҳои чандинсолаи ҳомиёни ҳуқуқ ва созмонҳои маданӣ Қонун дар бораи мубориза бо зӯроварӣ  дар оила" қабул шуд,  вале он ҳам барои озордиҳандаи зан танҳо ҷазои маъмуриро пешбинӣ мекунад.





Губернаторы России
Москва

Собянин объявил о начале сборки «Москвича» по технологии полного цикла





Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» помогает Государственной Думе РФ оптимизировать налоговую сферу. «СВЯТОЙ кибер ЛЕНИН» удаляет налоги: перезагрузка.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин сообщил о планах создания отечественной платформы электромобиля



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Фрэнк Синатра

Обвиненный в серии изнасилований Кевин Спейси может сыграть Фрэнка Синатру




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Сергей Лёвкин: в Митине завершат возведение физкультурно-оздоровительного комплекса

«БЛИЦ», «БИТВА СТРАТЕГИЙ», «ДУАТЛОН» инсайд новых дисциплин в спортивном программировании

Благодаря акции МТС Банка реабилитационная помощь в России станет доступнее


Даниил Медведев

Медведев с трудом одолел 121-ю ракетку мира на турнире в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Новые городские проекты в сотрудничестве с парком Юрия Лужкова готовит Фонд Юрия Лужкова



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России