Пирӯзии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба Умон дар Ҷоми Осиё-2023
Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «С» дар бозии дуюмаш рӯзи 5-уми март дар Тошканд тими Умонро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Голи ягонаро дар дақиқаи 79-ум капитан ё сарвони даста Ҳамадонӣ Камолов ба самар расонид.
Дар бозии дигари гурӯҳи «С» мунтахаби ҷавонони Урдун, ки дар даври аввал дастаи Тоҷикистонро бо ҳисоби 2:0 шикаст дода буд, аз мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 0:2 мағлуб шуд.
Дар ин гурӯҳ баъди натиҷагирии бозиҳои ду даври мусобиқа дастаи Кореяи Ҷанубӣ бо шаш имтиёз мақоми аввалро азони худ кардааст. Дастаҳои Урдун ва Тоҷикистон, ки сеимтиёзӣ гирифтаанд, мутаносибан дар ҷойҳои дуюму сеюм қарор доранд. Мунтахаби Умон бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум – ҷойгир шудааст.
Дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ рӯзи сешанбеи 8-уми март мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ ва тими Урдун бо мунтахаби Умон рақобат мекунанд. Ду дастаи беҳтарини гурӯҳ ба даври чорякниҳоии мусобиқа роҳ пайдо мекунад.
Бояд гуфт, чаҳор дастаи беҳтарини Ҷоми Осиё-2023 дар Узбекистон ба қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонони то 20-сола, ки имсол дар Индонезия доир мегардад, роҳхат мегирад.
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бори панҷум дар қаҳрамонии Осиё ширкат меварзад. Қаблан ҷавонони тоҷик дар ин мусобиқот солҳои 2006, 2008, 2016 ва 2018 иштирок карда буданд. Беҳтарин натиҷаи мунтахаби Тоҷикистон роҳ ёфтан ба чорякфинали ду мусобиқоти охир дар Баҳрайн (2016) ва Индонезия (2018) мебошад.
Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон (U-20):
Гурӯҳи «С»: Кореяи Ҷанубӣ, Тоҷикистон, Урдун, Умон
Даври 1-ум
Тоҷикистон – Урдун – 0:2
Голҳо: Алӣ Аҳмад Ал-Азиз, 7 (0:1). Сайф Аддин Дарвеш, 27 (0:2).
Аз майдон хориҷ шуд: Бакер Калбоуне (Урдун), 1.
2-юми март. Тошканд, варзишгоҳи «Локомотив»
Кореяи Ҷанубӣ – Умон – 4:0
2-юми март. Тошканд, варзишгоҳи «Жар»
Даври 2-юм
Умон – Тоҷикистон – 0:1
Гол: Ҳамадонӣ Камолов, 79.
5-уми март. Тошканд. Варзишгоҳи «Локомотив».
Урдун - Кореяи Ҷанубӣ – 0:2
5-уми март. Тошканд, варзишгоҳи «Жар»