Белорус мансабдорону низомиёнро барои "хиёнат ба давлат" ҳукми қатл медиҳад
Александр Лукашенко қонун "Дар бораи тағйирот ба кодексҳо оид ба масоили ҷавобгарии ҷиноӣ"-ро имзо кард, ки бино бар он, афроди масъул ва ё низомиён акнун дар Белорус барои хиёнат ба давлат ҳукми қатл хоҳанд гирифт.
Бино ба тағйироти нав, муҳлати боздошти афроди гумонбар дар хиёнат ба давлат, тавтеа ва ё дигар амале, ки ба ғасби қудрат ё ҷосусӣ равона шудааст, аз 3 ба 10 рӯз тамдид шуд. Муҳлате, ки нисбати онҳо бояд айб эълон шавад, то ба 20 рӯз тамдид шуд.
Ин қонун ҳамчунин барои таблиғи терроризм ва беобрӯсозии неруҳои низомии Белорус ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ мекунад.
Пештар аз ин маркази матбуотии Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Белорус хабар дода буд, ки тарҳи қонун "дар бораи тағйирот ба кодексҳо оид ба ҷавобгарии ҷиноӣ" барои "пешгирӣ аз амалҳои неруҳои вайронгар" ва "намоиши муборизаи қатъӣ бо хиёнат ба давлат", зарур аст.
Чанд нафар дар Белорус пеш аз қабули ин қонун барои "хиёнат ба давлат" зиндонӣ шудаанд, ки миёнашон сиёсатмадорон, рӯзноманигорон ва фаъолони шаҳрвандӣ ҳастанд.
Кумитаи белорусии Ҳелсинкӣ, маркази ҳомии ҳуқуқи "Вясна" ва гуруҳи "Ҳомиёни ҳуқуқи зидди ҳукми қатл" гуфтанд, набояд ҳукми қатл амалӣ карда шавад.