"Хуҷанд" ва "Ҳосилот" ба финали Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон роҳ ёфтанд
Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2023 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ба поён расид. Ба финали панҷумин давраи мусобиқот дастаҳои «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ва «Ҳосилот»-и Фархор роҳ ёфтанд.