"Ба хонаи хушдоманаш рафт, ҷанҷол сар шуд"
Хонаводае аз шаҳри Норак иддао доранд, ки омилони марги духтари ҷавонашон, ки як соли пеш худкушӣ карда буд, беҷазо мондаанд. Оиша Абдуалимова, модари Умедаи 25 сола, мегӯяд, духтари ӯ аз ҷабри шавҳару хушдоман қасд ба ҷони худ кард. Хонаводаи шавҳараш ин иддаоро қабул надоранд.