Қирғизистон тавсия дод, сокинонаш ба Тоҷикистон наоянд
Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон 14-уми март бо нашри изҳороте ба шаҳрвандони ин кишвар тавсия дод, ки муваққатан аз ҳар гуна сафар ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд. Дар изҳорот омадааст, гуё "ҷониби Тоҷикистон бе огоҳии расмӣ сафарро ба ин кишвар маҳдуд мекунад".