Пулис дар Туркманистон хурусҷанги "ғайриқонунӣ"-ро пароканда кард
Дар Туркманобод, маркази маъмурии вилояти Лебаби Туркманистон пулис хурусҷанги ғайриқонуниро пароканда кард. Хурусҷангро сокинон ба муносибати Наврӯз ташкил карда буданд.
"Рӯзи 21 март дар Туркманобод хурусҷанг ташкил шуд. Хурусҷанг дар ин минтақа моҳе чанд маротиба доир мешавад. Аммо ба муносибати Наврӯз хурусҷанги калонтар ташкил шуд", - гуфт як сокини маҳаллӣ.
Ин сокин афзуд, дар хурусҷанги ахир қиморбозӣ ҳам сурат гирифт.
Дафъаи ахир ҳамин ки хурусҷанг шуруъ шуд, ба кадоме аз ташкилкунандаҳо занг заданду гуфтанд, пулис мехоҳад, хурусҷангро пароканда созад.
"Тамошобинон баъди он занги телефон пароканда шуданд", - гуфт шоҳиди ҳодиса.
Пештар аз ин пулиси Туркманистон борҳо монеи баргузории сагҷанг шуда буд.