Мақомот гуфтанд, Рустами Ҷонӣ парванда дорад ва ҷустуҷӯ мешавад. ВИДЕО, САДО
Мақомоти Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки ба зидди Рустами Ҷонӣ, хабарнигори тоҷики муқими Прага, парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Абдуҳаким Шафиев, муфаттиши Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Синои Душанбе, рӯзи 24-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, “дар воқеъ, Рустами Ҷонӣ дар ҷустуҷӯ қарор дорад”.