Дар Узбекистон аз аввали сол 250 бор замин ларзидааст
Аз авали соли равон дар Узбекистон ва минтақаҳои ҳаммарз бо ин кишвар беш аз 250 заминларзаи аз 2,8 то 6,8-балӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар ин бора намояндагони Маркази ҷумҳуриявии зилзилашиносии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистон дар як нишасти хабарӣ иттилоъ доданд.
"Заминларзаи зуд-зуд барои Узбекистон як падидаи табиӣ аст, зеро он аз лиҳози ҷуғрофӣ дар минтақаи ларзахези баҳри Миёназамин ва Осиё ҷойгир аст", - гуфтанд коршиносон.
Дар Узбекистон давоми 10 соли ахир шаш заминларзаи сахти аз 6 то 8-балӣ сабт шудааст. Дар натиҷаи онҳо 16 кас ҷон бохта, 54 тани дигар захмӣ шудаанд.
Пурқурбонитарин заминларза дар Узбекистон 20 июли соли 2011 рух дода буд. Маркази ин зилзилаи 6,5-7-балӣ Қирғизистон буда, дар натиҷаи он 13 узбекистонӣ ҷон бохт.