Аз зиндонӣ шудани Абдуллоҳи Шамсиддин хабар расид, вале мақомот шарҳ надоданд
Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) гуфт, додгоҳе дар Душанбе Абдуллоҳи Шамсиддин, паноҳҷӯйи ихроҷшудаи тоҷик ва писари яке аз фаъоли мухолифон Шамсиддин Саидовро ба 7 сол зиндон маҳкум кард. Ӯро моҳи январи имсол аз Олмон ронданд.