Дар раъйпурсии Узбекистон "беш аз 80%-и сокинон ширкат кардаанд"
Дар тарҳи нави Конститутсия муҳлати президентӣ аз 5 ба 7 сол дароз шудааст. Дар сурати мусбат будани натиҷаҳои раъйпурсӣ президенти ҳозираи Узбекистон Шавкат Мирзиёев метавонад, то соли 2040 дар қудрат бимонад.