Истеъфои мудири телевизион баъди як рӯзи таъйин шудан
Бакит Айдаров, мудири телевизиони "Интимак" дар шаҳри Ӯши Қирғизистон рӯзи 4 май - як рӯз баъд аз таъйин шудан ба вазифа - истеъфо дод.
Бектур Иброҳимов, як масъули вазорати фарҳани Қирғизистон гуфт, Айдаров дар робита ба вазъи хонаводагӣ аз роҳбарии телевизион истеъфо додааст. Аммо маълум нест, ки чӣ мушкили хонаводагӣ боиси истеъфои вай шудааст.
Ин дар ҳолест, ки Бакит Айдаров телевизиони "Интимак"-ро аз моҳи декабри соли 2020 то 17 апрели соли ҷорӣ роҳбарӣ мекард. Ба иттилои мухталиф, вай дар пайи тафтиши телевизион аз сӯи мақомоти амниятӣ бори нахуст аз мудирӣ барканор шудааст. Манобеъ гуфтанд, чанд корманди телевизион ба бозпурсии мақомоти амниятӣ даъват шудаанд.
Рӯзи 3 май Айдаров дубора мудири телевизион таъйин гардид, вале 4 май аз мақом истеъфо дод.
Телевизиони "Интимак" бо забонҳои қирғизиву узбекӣ барнома таҳия мекунад. Мавҷи ин телевизион аз соли 2011 дар вилоятҳои Ӯшу Ҷалолобод ва Бодканд пахш мешавад.