Маросими тахтнишинии Чарлзи III дар Бритониё
Рӯзи 6 май дар Бритониё бузургтарин маросим барпо мешавад, ки 70 соли охир дида нашудааст: шоҳ Чарлзи III ба тахт менишинад. Ин расм давоми ҳазор соли охир вуҷуд дорад. Чарлзи III баъди даргузашти модараш Малика Элизабет дар моҳи сентябри соли гузашта ба тахт менишинад.
Ӯ 74 сол дорад ва дар таърихи монархияи Бритониё кӯҳансолтарин шоҳ аст, ки дар маросими тахтнишинӣ иштирок мекунад. Дар ин ҷашн ба сари шоҳ тоҷе гузошта мешавад, ки 360 сол умр дорад ва тахте, ки ӯ ишғол мекунад, асри 14 сохта шудааст.