Дар Эрон ҳукм қатли Ҳабиб Чаъб иҷро шуд
Дар Эрон рӯзи 6 май ҳукми қатли як дигарандеши дорои шаҳрвандии Шведсия ва Эрон ба иҷро даромад. Ҳабиб Чаъб ду сол пеш аз як фурудгоҳи Туркия нопадад ва баъдан дар Эрон пайдо шуд. Мақомот ӯро дар терроризм айбдор карданд. Чаъб муассис ва собиқ раҳбари гурӯҳи ҷудоиталабони Ҷумбиши “Муборизаи арабӣ барои озодии Аҳвоз” мебошад ва мақомот ӯро дар раҳбарии “гурӯҳи террористӣ” ва таркиши бомбаву амалиёти террористӣ дар Хузистони Эрон гунаҳгор мекарданд.
Ин гурӯҳро дар ташкили ҳамла ба паради низомии шаҳри Аҳвоз дар соли 2018 гунаҳгор мекарданд, ки дар он ҳодиса дастикам 20 нафар куштаву даҳҳо нафар захмӣ гардид.
Матбуоти давлатӣ гуфт, ки ҳукми қатли Чаъб субҳи шанбе дар шаҳри Теҳрон иҷро шуд. Ҳукми қатли ӯро Додгоҳи олии Эрон рӯзи 21 март бетағйир гузошт.
Ҳамон вақт вазири корҳои хориҷии Шведсия Тобиас Биллстром онро чун “ҷазои ғайриинсонӣ ва ғайри қобили бозбинӣ нисбати як шведӣ” маҳкум кард.
Чааб инчунин бо лақаби Ҳабиб Асюд маъруф буд. Ӯ октябри соли 2020 дар Туркия нопадид шуд. Дар як навори видеоие, ки як моҳ баъдаш телевизиони давлатии Эрон намоиш дод, ӯ иддао кард, ки бо хадамоти иктишофии Саудӣ ҳамкорӣ мекунад ва дар анҷоми як ҳамла даст дорад. Собиқ зиндониҳо ва ҳам гурӯҳҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, ба истилоҳ эътирофҳои телевизионӣ дар Эрон натиҷаи шиканҷаву азияти аксар дигарандешу мухолифони сиёсӣ аст.