Пулиси Душанбе оташ гирифтани як мактабхон дар тамринро таҳқиқ мекунад
Мақомоти милисаи шаҳри Душанбе ҳодисаи оташ гирифтани як хонандаи мактабро шарҳ дода, гуфтааст, ба таҳқиқи ин навор шурӯъ кардааст.
Рӯзи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки як хонандаи мактаб ҳангоми тамрин ва омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода дар саҳни мактаб месӯзад.
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе гуфтааст, ин ҳодиса санаи 6-уми майи соли ҷорӣ дар мактаби миёнаи рақами 67-и ноҳияи Сино рух додааст.
Ба гуфтаи манбаъ, дар ин мактаб машқҳои мудофиаи гражданӣ ва омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда гузаронида шуда, дар натиҷа аз ҷониби масъулин қоидаҳои бехатарӣ риоя карда нашудааст ва дар ин ҳодиса бадани хонандаи синфи 10-уми мактаб оташ гирифта, ҷароҳат бардоштааст.
Назари пайвандони ин хонанда ва масъулини мактаб маълум нест.