Даргирӣ миёни Ҷабҳа ва Толибон дар Бағлон
Тибқи гузоришҳо, бар асари даргирӣ миёни Толибон ва Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар ноҳияи Хусти вилояти Бағлон, аз ҳар ду тараф чандин нафар кушта шудааст. Ҷабҳаи муқовимати миллӣ рӯзи душанбе бо нашри як баёния гуфт, ки чаҳор тан аз афроди ин Ҷабҳа ба шумули як фармондеҳ бо номи Руҳуллоҳ, дар ин даргириҳо кушта шуданд. Эъломия меафзояд, ки модари фармондеҳ Руҳуллоҳ ва се фарзанди вай захмӣ шудаанд. Ин эъломия мегӯяд, ки дар ин даргирӣ нӯҳ тан аз афроди Толибон кушта ва 16 тани дигар захмӣ шудаанд. Толибон ҳанӯз дар мавриди ин даргирӣ ибрози назар накардаанд. Вале бархе сокинони ноҳияи Хусти вилояти Бағлон бо нашри наворҳои видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, ки Толибон баъд аз ин даргирӣ, бархе хонаҳоро ба оташ кашида ва шуморе аз афродро боздошт кардаанд.