Дар ҳамлаи Исроил ба Ғаза 13 тан ҷон бохт
Дар ҳамлаи нерӯҳои исроилӣ ба Ғаза 13 нафар ҷон бохтанд. Ҳамлаҳои Исроил субҳи сешанбе сурат гирифт ва ба гуфтаи мақомот дар Телавив, се тан аз фармондеҳони Ҳаракати ҷиҳоди исломии Фаластин бо ҳамсар ва фарзандонашон кушта шуданд.
Бемористонҳои фаластинӣ аз интиқоли дастикам 20 захмӣ низ дар ҳамлаҳои Исроил хабар доданд. Вазорати тандурустии Фаластин дар Ғаза аз интиқоли ҷасади 13 кушта ба сардхонаи бемористонҳо хабар дод.
Ҳамзамон мотами умумӣ ва коршикании саросарӣ дар ин минтақа оғоз шудааст.
Ин ҳамла ба вокуниши нерӯҳои мусаллаҳи Фаластин рӯбарӯ шудааст. Ҳаракати ҷиҳоди исломии Фаластин дар баёнияе эълон кард, ки ба зудӣ ба ин ҳамлаҳо посух хоҳад дод.
Исроил ҳамакнун дар ҳама шаҳрҳои ҷанубии худ ҳолати омодабош эълон карда ва ҳамзамон нерӯҳои эҳтиётии артишро барои барои эҳтимоли густариши буҳрон фаро хондааст.
Ба иттилои артиши Исроил, амалиёт дар як вақт дар се минтақа дар шаҳрҳои Ғаза, Рафаҳ ва ҷануби Хон Юнус анҷом шуд. Сухангӯи артиши Исроил дар идома гуфтааст, ки артиш амалиётро аз қабл барномарезӣ карда буд.
Ба гузориши радиои артиши Исроил, амалиёти субҳи сешанбе вокунише ба ҳамлаҳои мушакии ҳафтаи гузашта аз Ғаза ба Исроил буд.
Ҳаракати ҷиҳоди исломии Фаластин ҳафтаи гузашта дар вокуниш ба марги Аднон Хизр, як зиндонии узви он созмон, ки дар пайи гуруснанишинии 87 рӯз дар зиндони Исроил ҷон бохт, ҳудуди 120 мушак ба Исроил партоб кард.