Захираи тило ва асъори хориҷии Узбекистон $230 млн кам шудааст
Захираҳои байналмилалии Узбекистон дар моҳи апрели имсол 230 миллион доллар коҳиш ёфта, ба 35,2 миллиард доллар расидааст. Коҳишёбӣ асосан аз ҳисоби кам шудани захираҳои асъори хориҷӣ ба миён омадааст.
Тибқи иттилои Бонки марказии Узбекистон, дороиҳои захиравии расмии Узбекистон то 1 майи имсол 35,2 миллиард долларро ташкил дода, дар моҳи апрел 230 миллион доллар камтар шудааст.
Коҳиши захираи асъори хориҷии Узбекистон, ки 9,93 миллиард долларро ташкил медиҳад, идома дошта, аз аввали соли равон 1,71 миллиард доллар кам шудааст.
Арзиши захираи тилои ин кишвар ҳам 50 миллион доллар кам шуда, то ба 24,2 миллиард доллар расидааст.
Захираи тилои Узбекистон дар пасманзари гароншавии нархи он коҳиш ёфтааст.