Улфатхоним Мамадшоеваро ба зиндони Норак бурдаанд
Улфатхоним Мамадшоева, рӯзноманигор ва фаъоли маданиро, ки ба гуноҳи ташкили тазоҳурот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба муддати дароз зиндонӣ шуд, ба маҳбаси занонаи Норак бурдаанд. Ӯ то ин вақт дар Боздоштгоҳи муваққатӣ буд.