Оё Тоҷикистон ба Русия "кумак" мерасонад?
Тоҷикистон содироти пахтаву сабзавот ва меваи хушкро ба Русия камтар, аммо технологияҳоро бештар кардааст. Чизе, ки дар гузашта дида намешуд. Дақиқ нест, ин навъи маҳсулот ба таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ зидди Русия дохил ҳастанд ё не, аммо шубҳаро дар мавриди эҳтимоли давр задани онҳо бештар кардааст.