Қирғизистон барои тарғиби пирамидаи молӣ ҷазои ҷиноӣ таъйин кард
Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон тағйиротеро ба қонунгузории кишвараш имзо кард, ки барои тарғиби пирамида ё аҳроми молӣ ҷавобгарии ҷиноӣ таъйин мекунад.
Дар Кодекси ҷиноии Қирғизистон меъёри ҷавобгарӣ барои ташкили аҳроми молӣ мавҷуд буд, аммо ҷазо барои тарғиби он пешбинӣ нашуда буд.
Акнун дар моддаи 221 меъёре мавҷуд аст, ки бар асоси он барои "тарғиби аҳроми молӣ ба таври оммавӣ, бо истифода аз расонаҳо ва манобеи интернетӣ, ки боиси зарари зиёд мешавад", ҷарима дар ҳаҷми аз 150 то 200 ҳазор сом (тақрибан аз 1700 то 2300 доллар) таъйин мегардад.
Ин тағйиротро порлумони Қирғизистон рӯзи 5-уми апрел қабул карда буд.
Вазорати корҳои дохилии он кишвар пештар хабар дод, ки дар соли 2022 аз рӯи далелҳо барои ташкили фаъолияти ғайриқонунии аҳроми молӣ, 1052 парванда кушода шудааст. Теъдоди зиёндидагон ба бештар аз ҳазор ва ҳаҷми зарар ба бештар аз 273 миллион сом ё бештар аз 1,5 млн доллар расидааст.