Мирзиёев дастури "таҷлили густурда" аз 75-солагии Эъломияи ҳуқуқи инсонро дод
Дар Узбекистон 75-солагии қабули Эъломияи ҳуқуқи инсонро ба таври густурда таҷлил мекунанд. Дар ин бора президенти он кишвар Шавкат Мирзиёев дастур додааст.
Бино ба дастури ахири президент Мирзиёев, шуруъ аз соли 2023 ҳамасола аз 1 то 10 декабр дар Узбекистон даҳрӯзаи "Ҳуқуқи инсон" ва дарси сартосарӣ бахшида ба қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёна, миёнаи махсус, касбӣ ва олӣ баргузор мешавад.
Ба ҷуз ин, ҳукумати Узбекистон дар бораи ҳифзи ҳуқуқи инсон дар кишвар, аз ҷумла мубориза бо шиканҷа гузоришҳои миллӣ таҳия хоҳад кард.
Дар дастури охир ҳамчунин омадааст, Узбекистон ба таври ихтиёрӣ ба Раёсати Олии комиссари СММ дар умури ҳуқуқи инсон 100 ҳазор доллар интиқол медиҳад.
Ин дар ҳолест, ки Узбекистон дар 60-солагии қабули Эъломияи ҳуқуқи инсон дар соли 2008 ба Раёсати Олии комиссари ҳуқуқи инсон 100 ҳазор доллар интиқол дода буд.
Дар солҳои охир ҳукумати Узбекистон мегӯяд, талош дорад, ки дар кишвар авлавияти қонун таъмин шавад. Аммо дар расонаҳои маҳалливу байналхалқӣ дар бораи поймолшавии ҷиддии ҳуқуқи инсон дар Узбекистон, дар бораи шиканҷа, дар бораи таъмин нашудани ҳуқуқи инсон ва ноадолатиҳои додгоҳӣ хабару гузориш нашр мешавад.